(Таассурот аз иштирок дар суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳ мон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон)
Соли ҷорӣ 30-август Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷашни Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд. Сарвари давлат дар донишгоҳи мазкур як қатор биноҳову иншоотҳои навро ифтитоҳ намуданд ва бо сифату шароити хуби фароҳамоварда шинос шуда, донишҷӯёнро бо сиёсати маорифпарварона ва ғамхоронаи хеш ба роҳи илму донишомӯзӣ, саводу маърифат, фазлу хирад ҳидоят намуданд.
Пас, суханронии роҳбари хирадманд ва дурандеши кишвар оиди сулҳ ва дониш бо аҳли нишаст доир гардид. Чуноне ки Пешвои миллат қайд намуданд: «Сулҳ омили муҳимтарини рушди маърифати инсон ва пешрафти ҷомеа аст. Сулҳ муҳити мусоид фароҳам меоварад, ки наслҳои нав ба ҷойи тарс аз ҷангу ноамнӣ босаводу донишманд, хушахлоқу худшинос ва содиқ ба Ватан ба камол расанд».
Ҳамасола дар мамлакати мо муассисахои нави таълимӣ барои таҳсилкунандагони томактабӣ ва миёнаи умумӣ бунёд намуда ва ба истифода дода мешаванд. Ҳамаи ин ободиву пешравиҳо бо нигоҳдории сулҳу осоиш, соҳибихтиёрӣ ва суботи сиёсӣ ба халқи меҳнаткаш ва сулҳхоҳ муяссар гардидааст. Муассисаҳои томактабӣ дар таълиму тарбияи кӯдакон қадамҳову фаҳмишҳои аввалинро мегузоранд. Барои фаро гирифтани кӯдакон бо саводу маърифати сатҳи баланд, зарур аст, ки мураббияҳо ва омӯзгорони ин зинаи таҳсил соҳибмаълумот ва боистеъдод бошанд.
Пойдевори асосӣ дар тафаккури кудакон дар таҳсилоти мактабу литсей ва гимназияҳо гузошта мешавад. Омӯзгорон ва устодони бомаърифат бо заҳмати беандоза, меҳру муҳаббати хоса, малаки баланди инсондаркнамоӣ насли ҷавонро ба роҳи фазлу хирад, хулқу одоби ҳамида, заковат, истеъдод, ҳаёти рости инсондӯстона ҳидоят менамоянд.
Чӣ тавре ки дар суханронии роҳбари давлат қайд гардид: «Яке аз масъалаҳои муҳими зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар умум соҳаи маориф таълифи китобҳои дарсии насли нав мебошад. Китоби дарсӣ бояд хонандаро на фақат ба дараҷаи шинохти илм расонад, балки андешаи ӯро бедор созад, дар ниҳоди хонанда ҷаҳонбинии дунявӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро ташаккул диҳад».
Пешвои миллат ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супориш доданд, ки бо ҷалб намудани олимони соҳибтаҷриба Консепсияи таҳияи китобҳои дарсиро аз нав таҳия ва пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон, Пешвои миллат амр намуданд, ки китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ пеш аз нашр аз ташхиси олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузаронида шаванд.
Зеро, маҳз китоб манбаи асосии ба даст овардани илму дониш, саводу маърифат, хираду заковат барои хонандагон мебошад. Китоб ганҷест бебаҳо, ки инсонро ба роҳи рост ва нек роҳнамо намуда, хонандаро соҳиби фазлу хиради воло мегардонад. Шахси китобдӯст бо мутолиаи китобҳои муҳим ва шавқовар донишу саводашро сайқал дода, ҷаҳонбиниашро васеъ мегардонад.
Чуноне ки дар панди асогузори адабиёти классикии тоҷик устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ омадааст:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон
Роҳи донишро бо ҳар гуна забон
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд:
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Шахси донишманд ва соҳибмаърифат дар ҳама давру замон, дар ҳар макон соҳиби обрӯву нуфуз мегардад. Ояндаи миллат, пешравии давлат аз таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар донишомӯзии ҳамешагӣ вобаста аст.
Ба даст овардани дастоварди пурарзиш – сулҳу осоиш, тинҷиву якдигарфаҳмӣ, истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва хусусан сарвари шуҷоатманд ва фидокори давлат хеле серзаҳмат ва пурталош буд. Бинобар ҳамин, ҷавонону наврасон, ки умеду ояндаи диёри номдорамон мебошанд, бояд ба қадри дастовардҳои миллӣ бирасанд ва онро софдилона ҳифз намоянд. Наслҳои имрӯзу фардоро мебояд дар қалби худ садоқат ба Ватан, ҳуввияти миллат, сулҳхоҳиву ободкорӣ парвариш намуд.
Оғози боз як соли таҳсили навро ба хонандагон ва донишҷӯён, устодон ва омӯзгорон табрику таҳният намуда, дар роҳи аз худ намудани саводу маърифати нав муваффақиятҳои беназирро таманно дорам.
Аюбӣ Фируза – номзади илмҳои иқтисодӣ,
ходими пешбари Институти иқтисодиёт
ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон





Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.






