Вохӯрии директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода бо ходимони илмии ҷавони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Санаи 13-уми майи соли 2024 дар толори Шурои олимон вохӯрии директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода бо ходимони илмии ҷавони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои сохтори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шумораи умумии ходимони илмии ҷавони унвондор, аз ҷумла, докторону номзадони илм ва кормандони бе дараҷаҳои илмӣ, тартибу интизоми меҳнат, реҷаи корӣ, сифати корҳои илмӣ, талабот ва дастурамали коргузорӣ, навиштани мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда, рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ, нашри мақолаҳо бо забони русӣ ва англисӣ, тақвият бахшидани маҳфилҳои инфиродии олимони барҷаста, самти иттиллот, Шурои олимони ҷавон, чопи китобҳо, навиштани мақолаҳои идеологӣ ва ғ. баррасӣ гардид.
Дар охир директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода ба масъулин барои беҳтар намудани вазъи кории ходимони илмии ҷавон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.








Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.







