Санаи 05-уми апрели соли 2024 дар Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф солҳои 2020-2040», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
   Чорабинии мазкурро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, ба олимону кормандони академия оғози ҳафтаи илмро хайру мақдам гуфт. Таъкид гардид, ки «Ҳафтаи илм» фурсати хубе барои табодули андешаву дастовардҳои илмии ҳайати олимони Академия ва таҳрикбахше дар ростои машғул шудан ба пажӯҳишҳои илмист. Дар идомаи конференсия ноибони ирезиденти АМИТ Саидов Абдусатор, Қоҳирова Гулчеҳра, Муҳаммад Абдураҳмон ва Ғоибзода Алиҷон Ҷура доир ба мавзӯъҳои «Хатарҳои глобалӣ ба гуногунии биологӣ ва экосистемаҳо», «Терроризм ва хавфҳои репутатсионӣ ҳамчун усули технологияҳои сиёсӣ» ва «Усулҳои муосири ташхис ва табобати фишорбаландии дуюмдараҷа» маърӯза намуданд.
+992 (37) 221-67-50       Главная | 
Карта сайта | 
Контакты | 
 ![]()
 
	
          






Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.





