Санаи 7-уми декабр бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид. Аз соли 2011 то инҷониб дар асоси қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 7-уми декабр ҳамасола ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти молия қайд карда шуда, чун ҷамъбасти солонаи дастовардҳои молиячиён ва муассисаҳои молиявӣ мансуб меёбад.
Дар чорабинии мазкур, сарходими илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Шарифзода Баҳром Маҳмуд иштирок ва дар мавзўи «Увеличение вклада банковского сектора в ускоренном развитии промышленности с использованием цифровых технологий» баромад намуда, дар самти пешрафти иқтисоди рақамӣ дар самти молия таклифу пешниҳодҳои судманд намуданд.
+992 (37) 221-67-50 Главная |
Карта сайта |
Контакты |
![]()





Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.







